Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов омада, ӯро бо рўзи мавлудаш табрик намуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Оқил Оқиловро бо фарорасии рўзи мавлуд табрик намуда, ба эшон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодату сарбаландӣ, осоишу хотирҷамъӣ ва умри дароз таманно кард.
Тазаккур дода шуд, ки Оқил Оқилов дар тўли умри бобаракат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши муассир гузоштааст.
Мавсуф солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои пурмасъули вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси вилояти Суғд, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд фаъолият намуда, дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ғайрату матонат ва истеъдоди баланди кордонӣ нишон додааст.
Хизматҳои содиқонаи Оқил Оқилов аз тарафи давлату Ҳукумат бо орденҳои «Исмоили Сомонӣ» (дараҷаи 1), “Нишони фахрӣ”, “Барои меҳнати шоён”, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ҷоизаи байналмилалии “Сократ” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шудаанд.
Имрӯз ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Оқил Оқилов ба синни 80-солагӣ қадам мегузорад.
Собиқадори меҳнат аз ҳусни таваҷҷуҳ изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд