Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи заргарии "Зари Суғд"

31 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд» шинос гардид.

Корхонаи мазкур зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд ва пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои нави корӣ таъмин карда шуд. Корхона моҳи феврали соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

“Зари Суғд” истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз  сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона  насб гаридааст, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, чунин шароит имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.

Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ,  сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ 30 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Дар корхона асосан хатмкардаҳои Донишкадаи  кӯҳию  металлургии Тоҷикистон,  ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, ба кор ҷалб шудаанд.

Корхонаи заргарии “Зари Суғд” пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ  фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаи “Зари Суғд”-ро дар навбати аввал ба кишварҳои ҳамсоя содирот намоянд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои тавсеаи фаъолияти корхона, омӯзиши бозори минтақа, содироти маҳсулот тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд