
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли собиқадорони меҳнат ва чанд оилаи камбизоат хабар гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба манзили собиқадори соҳаи маориф Файзӣ Ғафурова ва собиқадори хизмати давлатӣ Хосият Зокирова омада, ба онҳо суҳбат орост.
Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба хизматҳои собиқадорони меҳнат арҷ мегузорад.
Раиси вилоят ба бонувони номдори шаҳр тани сиҳат ва хушиҳои рўзгорро орзу кард.
Сипас, Раиси вилоят аҳли оилаи Пӯлодҷон Ёқубов, Ҳанифа Почоева, Назарбобо Пӯлотовро, ки ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудаанд, аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Тазаккур дода шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии оилаҳои ниёзманд тадбирҳои заруриро амалӣ карда, шахсиятҳои бемору ниёзманд, оилаҳои камбизоатро ба ғамхорӣ фаро мегирад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




