Ҷаласаи ҳафтуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд

 23 декабр дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" ҷаласаи ҳафтуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, аъзои Шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорону шарикони рушд ва васоити ахбори умум иштирок намуданд.

Раиси вилоят бо сухани ифтитоҳӣ ба кори Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ оғоз бахшид ва сипас оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи гузашта котиби Шӯро Шарифҷон Ахмедов гузориш дод.

Сипас, аз ҷониби ҳайат ва аъзои Шўро аъзои нав қабул гардид.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи “Ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва тандурустӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят зимни баррасии масъалаи мазкур зикр намуд, ки ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омўзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомўзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.

Бо дарназардошти он, ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ як қатор бинои муассисаи таълимӣ барои хонандагон сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кўдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам чораҷуӣ намоянд. 

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрўз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иљтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ зарур ва талаботи замон мебошад. 

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. То имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масъунияти одам, вараҷа, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавтӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

Ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва тандурустӣ имкон фароҳам овард, ки ин соҳаҳои муҳим тадриҷан рушд ёбанд. Имрўзҳо аҳолии вилоят имконият доранд, ки бобати илмомӯзӣ ва табобати худ ҳам ба муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ба муассисаҳои хусусӣ муроҷиат намоянд.

Вобаста ба масъалаи зикршуда инчунин ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода шунида шуд.

Дар идома Нақшаи кории Шўрои соҳибкорию сармоягузории назди Раиси вилоят барои соли 2024, ки аз ҷониби котиботи Шӯро дар 11 банд таҳия шудааст, ба баррасӣ гузошта шуда, қабул гардид.

Раиси вилоят дар охир иброз дошт, ки тавассути татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон намудани сиёсати дарҳои кушод фазои сармоягузории ватаниву хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат рў ба рушд оварда, самараи заҳмати соҳибкорон, саноатчиён, деҳқнон дар пешрафти иқтисодиёти вилоят пайваста эҳсос мегардад. 

Аз соҳибкорон даъват карда шуд, ки ҷиҳати дарёфти коршарик аз дигар давлатҳо, ташкили корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят корбариро вусъат бахшанд.

Аз ҷониби Раиси вилоят барои саҳми арзанда дар рушди иқтисоди вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар соҳибкорон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ба 10 нафар нишони “Соҳибкори муваффақи соли 2023” супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд