
Имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум, инчунин захираи маҳсулот ба зимистон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Дастур дода шуд, ки ҳафтаи оянда ба истиқболи Соли нави мелодӣ ярмаркаи калон ташкил карда шавад, то ин ки дастархони солинавии мардум пур аз нозу неъмат гардад.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар 11 моҳи соли 2023 бо мақсади таъмини қишрҳои осебпазири аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 43 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 5838,3 тонна маҳсулот, аз ҷумла 791,2 тонна орд, 311,0 тонна равғани растанӣ, 206,7 тонна гӯшти чорвою паранда, 12,0 тонна моҳӣ, 166,6 тонна шакар, 224,8 тонна биринҷ, 1741,4 ҳазор дона тухм, 1202,2 тонна картошка, 583,1 тонна сабзӣ, 959,1 тонна бехпиёз, 448,1 тонна сабзавоти гуногун, 419,2 тонна полезӣ, 333,6 тонна меваҷот ва 180,7 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




