Ба муассисаҳои тандурустии Исфара нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд

Ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Исфара ду адад нақлиёти ёрии таъҷилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ супорида шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Консулгарии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд ва Барномаи рушди СММ калиди нақлиёти ёрии таъҷилиро ба раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода супориданд. 

Нақлиёти ёрии таъҷилӣ дар асоси лоиҳаи Барномаи рушди СММ ва маблағгузории Федератсияи Россия дар ҳаҷми 70 ҳазор доллари ИМА харидорӣ шуда, барои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух ва Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ хизмат мерасонад. 

Зимни тақдими автомашинаҳо иттилоъ дода шуд, ки дар ин ду ҷамоат наздик 80 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва нақлиёт барои сари вақт расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ истифода мешавад. Бо дастрас шудани нақлиёти ёрии таъҷилӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар минтақа боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки бо дастгириҳои давлатӣ ва саҳмгузории соҳибкорон соли равон рушди соҳаи тандурустӣ дар Исфара таъмин гардида, як қатор иншоот аз таъмир бароварда шудааст. Аз ҷумла, шуъбаи қабули беморхонаи марказӣ, шуъбаи амрози дарунӣ, шуъбаи урологӣ, шуъбаи бачагона, таваллудхона таъмиру таҷдид гардида, як қатор таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти ФГС, гемодиализ харидорӣ карда шуд. 

Ҳамзамон дар Беморхонаи минтақавии рақами 2, воқеъ дар ҷамоати Чоркуҳ шуъбаҳои эҳё, осебшиносӣ, ҷарроҳӣ ташкил гардида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид. Худи бинои беморхонаи ҷамоат бошад бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст ба таъмир фаро гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд