
Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор гардид.
Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт.
Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2023, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 20 декабри соли 2022, №359 “Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2023”, қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2024, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои аграрӣ, идораи замин, захираҳои об, экология ва шуғли аҳолӣ, таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, тасдиқ намудани Низомномаи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ғайраҳо пешниҳод гардид.
Зимни ироаи ҳисоботи Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2023 ба андозаи 104,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3879,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 164,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
Дар 11 моҳи соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 2601,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид ва барзиёдиҷрошавӣ 71,6 млн. сомониро ташкил дода, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 102,8 фоиз таъмин карда шуд.
Дар 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 23 мдрд. 152,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 2157,7 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 108,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 1217,9 ҳазор тонна семент ва 1380,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 16 млрд. 944,2 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 115,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 баробар мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси вилоят аз 14 декабри соли 2022, № 458 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи пешбинигардида дар вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12000 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2548 иншоот ва аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашн 4664 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифт.
Раиси вилоят ҳамзамон доир ба дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, гардиши савдои хориҷӣ, дар маҷмуъ рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят маълумот дод.
Дар идомаи кори иҷлосия вакилон масъалаҳои гузошташударо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Аз ҷумла, буҷети вилояти Суғд барои соли 2024 аз рўйи даромад ба маблағи 3 млрд. 178 млн. 480,0 ҳазор сомонӣ ва аз рўйи хароҷот ба маблағи 3 млдр. 178 млн. 480,0 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шуд.
Раиси вилоят дар охир барои таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, истифодаи оқилонаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, истифодаи самараноки замин, бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




