Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи коркарди мева дар Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо фаъолияти корхонаи коркарди мева шинос гардид. 

Корхонаи коркарди мева аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуда, дар он асосан зардолуи дар минтақа истеҳсолшаванда коркард ва банду баст карда мешавад. 

Корхона бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар фаъол шуда, муассисон тасмим доранд, ки чормағзи заминиро низ аз ноҳияи Мастчоҳ дастрас ва банду баст намоянд.

Раиси вилоят аз ташаббуси соҳибкорон истиқбол карда, барои дар оянда зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти он тавсияҳо дод. 

Бояд таъкид кард, ки солҳои охир дар натиҷаи дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити муносиб зиёдшавии ҳиссаи соҳибкорӣ дар ташаккули маҳсулоти минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда истодааст.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои азнавсозии иншооти обрасонӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд