
Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонии "Шоми Патар" мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, минбаъд дар он чорабиниҳои гуногун гузаронида хоҳад шуд.
Пас аз ифтитоҳи иншоот барои оилаҳои камбизоат, маъюбон ва ятимон дастархон ороста шуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа туҳфаҳо супорида шуд.
Раиси вилоят аснои суҳбат қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо кӯмакҳои гуногун расонида мешавад.
Дар идома Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Сотиболдӣ Маматов ва Абдурашид Назаров хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон Мунира ва Ҷамшед Ёқубовҳоро, ки маъюби гуруҳи якум мебошанд, аёдат карда, ба ин оила кӯмакҳои пуливу моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




