
19 декабр дар шаҳри Конибодом маркази стоматологӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти тиббӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Маркази стоматологӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд ва бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марказ 6 нафар дандонпизишкон ба кор ҷалб гардида, бо фаъол шудани бахши косметологӣ чанд нафари дигар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо сатҳу сифати корҳо ва шароити марказ ба кори масъулин баҳои баланд дод. Таъкид карда шуд, ки дар мамлакат бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ низ рушд карда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида истодааст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар соли 2023 дар вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 164 иншооти соҳа, аз ҷумла бунёди 36 иншоот ва таъмиру азнавсозии 128 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ таъмири 93 иншооти соҳа, аз ҷумла 3 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 12 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи тиббӣ 42 беморхона ва шуъбаҳои онҳо, 2 муассисаи махсусгардонидашуда иншооти шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод ба итмом расида, корҳои сохтмону таъмир дар 36 иншоот идома дорад.
Ҳамзамон, сохтмони 1 маркази саломатии ноҳия, 2 маркази саломатии деҳот, 5 бунгоҳи саломатӣ ва 7 беморхона бо шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон ба итмом расида, дар 21 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




