20 ноябри соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст доир ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки рӯзҳои 14-15 ноябр сурат гирифт, ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки дар доираи сафар як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ба истифода дода шуд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, санаи 15 ноябр баён гардида буд, баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масъулинро зарур аст, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чорум фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва воридотивазкунанда боз ҳам вусъат бахшанд.
Ҳамзамон, масъулин бояд ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили боқимонда, пурра омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 — 2024, захира намудани маводи ғизоӣ ва тухмии зироати кишоварзӣ, ба итмом расонидани кишти тирамоҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва гирифтани се — чор ҳосил, ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, инчунин хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори истеъмолӣ, зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар мутасаддиён баҳри вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи андозҳо, таъмини нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрам супоришҳо дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд