Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти гуногун идома дошта, сокинони меҳнатқарини шаҳр барои таҷлили шоисати ҷашнҳои милливу давлатӣ омодагӣ доранд.

Раиси вилоят аснои сафар корҳои сохтмонии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Лоиҳаи боғ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр низ идома дорад. Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дошта, зимни шиносоӣ бо рафти корҳо барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дода шуд.

Раиси вилоят дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳамзамон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии “Шоҳроҳи абрешим” шинос гардид.

Сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии “Шоҳроҳи абрешим” аз тарафи ҶДММ “Мабдаи Нур”, ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаи маҷмааи мазкур аз тарафи ширкати лоиҳакашии “Архиком-К”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон омода шудааст ва дар рафти сохтмон аз ҷониби ширкати мазкур назорати муаллифӣ бурда мешавад. Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар масоҳати 4500 м2 гиппермаркет, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад. Дар ошёнаҳои дигар маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шуда, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин бо сохтмони мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, бинои иловаги маркази саломатии рақами 1, бинои ҷамоати Гули сурх, кӯдакистон барои 200 нафар ошно шуда, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда омода намудани иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят дар идомаи сафар бо фаъолияти ҶДММ «Авангард», ки ба истеҳсоли равғани муҳаррик машғул аст, ҶДММ «Асри обод», ки бо истеҳсоли мебел машғул аст, шинос гардида, барои тавсеаи фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.

Раиси вилоят дар поёни сафари корӣ собиқадорони меҳнат Ибодат Ойматова ва Маврӣ Файзиеваро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд