17 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд.
Бояд таъкид кард, ки ноҳияи Ашт соли равон дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол 6037 гектар пахта кишт шуда, пахтакорон бо истифодаи тухмиҳои наву серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникии кишту парвариш ҳосили хуб ба даст овардаанд. Паахтакорони ноҳия санаи 5 ноябр бо ғунучини 14231 тонна "тиллои сафед" нақшаро 100,2 фоиз иҷро карданд.
Аснои боздид мушоҳида гардид, ки ҳанӯз ҳосил дар саҳро зиёд буда, кишоварзони ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ самараи меҳнаташонро ҷамъоварӣ мекунанд.
Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки заркорони ноҳия тасмим доранд боз 4 ҳазор тонна пахтаро ба хирман супоранд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки пахта бояд пурра чида шуда, дастранҷи деҳқонон ба корхонаҳои коркард супорида шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд