Нимаи аввали рӯзи 10 март машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид ва дар он танзими нархи маводи аввалияи озуқаворӣ баррасӣ шуд.
Дар машварат масъулини мақомоти давлатӣ ва роҳбарони корхонаҳои истесоли орд ва воридкунандагони ғалла иштирок намуданд.
Нахуст вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва таҳавуллоти ахир дар бозори ҷаҳонӣ, инчунин захираҳои мавҷудаи маводи ғизоӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дода, қайд намуд, ки буҳрони бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон ба иқтисодиёт бетаъсир намонд. Бо назардошти болоравии қурби асъори хориҷӣ дар минтақа болоравии арзиши маҳсулот мушоҳида шуда, тибқи таҳлилҳо маводи аввалияи ғизоӣ нисбат ба қабл гаронтар шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки захираи ғалла дар анборҳои мамлакат 135 ҳазор тонна буда, барои сари вақт пешгирӣ намудани болоравии нархи маҳсулот бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои фаврӣ андешида шуда истодааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлили вазъ иброз дошт, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фонди захираҳои давлатӣ барои бемамониат ворид намудани ғалла ва таъмин намудани талаботи корхонаҳо бо ғалла, инчунин ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввал, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ асъори хориҷӣ ҷудо карда шуд.
Воридкунандагони ин қабил маҳсулот метавонанд асъори хориҷии заруриро бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз бонкҳо дастрас ва аҳолиро бо маҳсулот таъмин намоянд.
Дар машварат ҳамзамон вазъи кунунии корхонаҳои истеҳсоли орд ва фаъолияти онҳо баррасӣ шуда, барои беҳтар намудани вазъ супоришҳо дода шуд.
Бояд таъкид кард, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташикл карда шуда, аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳоди мардум карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






