Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмааи хизматрасонии “Ориёсаро-Ромишкадаи Умари Шариф" ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.
Маҷмааи хизматрасонӣ аз ду қисм ва се ошёна иборат мебошад. Қисмати якуми маҷмаа барои кошонаи ҳусн, ҳаммом ва коргоҳи дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисмати дигари маҷмаа толори барҳаво барои баргузории тӯю маъракаҳо, мағоза ва дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхона бо 6 ҳуҷра барои қабули 14 нафар дар як вақт бунёд шудааст.
Бунёди меҳмонхонаи замонавӣ дар дурдасттарин деҳаи ноҳияи Айнӣ бо шароити муосир ва мутобиқ ба талабот имкон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ рушд ёбад ва сайёҳону меҳмонон бештар ба ин минтақаи саёҳатии Тоҷикистони биҳиштосо ташриф оваранд. Дар баробари бунёди чунин инфарсохтори соҳа, ба масъалаи омода намудани мутахасисони забондон ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ равона шудааст.
Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи ба истифода додани маҷмааи хизматраоснии “Ориёсаро-Ромишкадаи Умари Шариф" дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ 40 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бунёди чунин иншооти наву замонавӣ дар деҳаи дурдасти Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки соҳибкорону сокинони созандаву бунёдкор дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат саҳми худро мегузоранд. Зеро ободии Ватан аз маҳалли зист оғоз гардида, бародарон Шарифовҳо ин ҳама бунёдкориҳоро нишонаи возеҳи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод мекунанд.
Бунёди кошонаи ҳусн, ҳаммом ва коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаҳои дурдасти мамлакат тибқи супориши роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Ин иқдом дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кор, барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Дар тарабхонаи навбунёд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятим ва дастпарварони мактаб-интернатҳо дастурхони идона ороста шуда, туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
Зимни суҳбат намояндагони Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иброз доштанд, ки кӯдакони ятим ва бепарастор зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Гуфта шуд, ки давлату Ҳукумат барои ба камол расидани кӯдакони бо амри тақдир аз волидон маҳруммонда тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон таҳти парастории давлат қарор мегиранд.
Дар ин рӯз ба 93 нафар кӯдакони ятим ва бепарастор, дастпарварони мактаб-интернатҳо, ки сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошанд, аз номи Сарвари давлат туҳфаҳо, маҷмуи либос ва дигар туҳфаҳои моливу пулӣ супорида шуд. Барои хушҳоливу фароғати онҳо барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд