Ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1753 метри мураббаъ буда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам гардидааст. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ аз сатҳи замин 40 метр буда, парафшонии ин муқаддасоти миллӣ дар маркази деҳаи Дарғ боиси ифтихор ва сарбаландии хурду бузурги деҳа гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин майдони Парчами давлатӣ дар ин деҳаи дурдаст бо мусоидати иақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкори ватандӯст Абдусалом Одинаев сохта шуда, шукӯҳу шаҳомати Парчами давлатӣ ба ин диёр ҳусни хоса зам намудааст.

Атроф ва саҳни иншот чароғон гардида, дар масоҳати беш аз 1350 метри мураббаъ дарахтони орошӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, бо насби нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғат шароит фароҳам оварда шуд.

Маврид бп зикр аст, ки бо иқдоми неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳрак майдони Парчами давлатӣ бунёд гардида истодааст. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар деҳаҳои дурдасттарин низ чунин майдони Парчами давлатӣ сохта мешавад, ки дар ниҳоди насли нав ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дучанд менамояд.

Қобили зикр аст, ки то имруз дар маркази ноҳияи Айнӣ ва дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароит фароҳам гардида буд.

Сокинони деҳаи Дарғ, ки аввалин шуда дар деҳаи худ майдони Парчами давлатиро бунёд намуданд, бо шукргузорӣ аз ин ватани ободу озод ҳамоишҳо ва чорабиниҳои фарҳангиро дар ин макони муносиб баргузор менамоянд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми меҳнатдӯсти деҳаи Дарғ дар корҳои ободонии диёри худ саҳм гузошта, 3 километр роҳи асосии деҳаро мумфаршу чароғон ва манзилҳои истиқоматиашонро обод намуданд. Ин ҳама корҳои созандагиро сокинони ин деҳа самараи Истиқлолият, амалӣ шудани ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд