Имрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз ду ошёна бо таҳхонааш бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Авитсенна” мебошад.
Бояд қайд намуд, ки қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр яке аз идораҳои ободонии шаҳр маҳсуб ёфта ба тавозуни он беш аз 8000 адад нуқтаҳои чароғонкунии шаҳр маҳсуб аст ва 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Идораи мазкур ба бинои феълӣ ҳанўз соли 1972 кўчида омада, бинои он хеле фарсудаю корношоям гардида буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд