Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо, сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо аз самтҳои ояндадору барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҳамкории байнибонкӣ, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ ва дигар самтҳо табодули афкор намуданд. Рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, кор бо ҷавонон, таҳкими робитаҳо миёни воситаҳои ахбори оммаи ду кишвар ба манфиати кор номида шуд.