Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду кишвар меҳисобад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парлумонӣ, табодули афкор намуданд.

Аз ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парлумонии ду кишвар дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Робитаҳои парламентӣ яке аз омили муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ номида шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатии байни ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистону Миср дар донишгоҳҳои якдигар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.