Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи Қоҳира сарфароз гардиданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал-Хошт ва дигар омӯзгорону кормандони донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар толори донишгоҳ нахуст бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷуён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз робитаҳои дӯстии мардумони ду кишвар, анъанаҳои ғановатманди таърихии Тоҷикистону Миср, андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки мо метавонем дар заминаи ин анъанаҳои шуҳратманди гузаштагонамон ва бо такя ба дастовардҳои илмиву техникии муосир ҳамкории барои ҳарду ҷониб судмандро роҳандозӣ намоем ва густариш бахшем.

Зимни баромад дар назди устодону донишҷуён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи навини давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлол шудани давлату миллати тоҷик, сарнавишти сахту сангини кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, таҷрибаи сулҳофарии миллати сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти илму маориф дар кишвари мо ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо таҷрибаи беназири сулҳофарии худ ҳамчун тарғибгари сулҳу осоиш ва ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки мо ҷиҳати таъмини рушди устувори Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки стратегиро муайян карда, татбиқи ҳадафҳои стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар талошҳои пайваста меварзем.

Таъкид гардид, ки кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Тайи давраи начандон тӯлонии таърихи муосири хеш Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, сохторҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаи худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ҳоли ҳозир иқдоми чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 имрӯз дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Зимни таҳлили вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ростои амниятӣ, бо дарназардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густариши ҳамкорӣ ва табодули маълумоту таҷриба байни Тоҷикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҳарду кишвар дар муносибат ба онҳо мавқеи яксон доранд, бисёр муҳим мебошад.

“Мо бояд кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад”, — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои сарфароз гардидан бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи муътабари Қоҳира миннатдории худро баён намуда, ба устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қоҳира дар таҳсил ва фаъолияти илмиву амалиашон комёбиҳо ва дастовардҳои беназир орзу карданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи мазкур дуввумин донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Донишгоҳи Ал-Қаравӣ мебошад. Факултаҳои гуногуни он дар замони Муҳаммад Алӣ, ба мисли Ал-Муҳандис Хона (тақрибан 1820) таъсис ёфтаанд. Низоми муосири маориф яке аз муҳимтарин таҳаввулоте буд, ки Миср дар нимаи аввали асри нуздаҳум шоҳиди он гардид.

Донишгоҳи Қоҳира ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср дар ҷаҳон шинохта шуда, дар таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимон нақши муҳим мебозад. Ҳамасола беш аз 155 000 донишҷӯ Донишгоҳи Қоҳираро хатм мекунанд ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудаанд.