11 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозорҳои "Гулистон" ва "Панҷшанбе" боздид карда, бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид.
Дар бозори "Гулистон", ки маҳсулот ба таври яклухт фурӯхта мешавад, нархи орди 50 килогарммӣ 300-310 сомонӣ, шакар 10 сомонӣ, равғани растании 5 литра 110 сомонӣ арзиш дошта, маҳсулот фаровон аст.
Нархи нон дар бозори марказии "Панҷшанбе" бо назардошти вазн аз 2 то 8 сомонӣ, биринҷ 8-10 сомонӣ, сабзӣ 1,5-2,5 сомонӣ, картошка 3 сомонӣ буда, нархи дигар маҳсулот бетағйир мебошад. Зимни шиносоӣ мушоҳида гардид, ки нархи маҳсулоти зарурии рӯзғор мӯътадил буда, дар чанд рӯзи ахир бо сабаби боло рафтани қимати ғалла нархи орд як миқдор баланд шудааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти бозорҳо дастур дод, ки барои мӯътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулот ба соҳибкорон имтиёз дода, шароити мусоид фароҳам оваранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд