Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли орду равған

11 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли орду равған машғул ҳастанд, шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла аз корхонаҳои калони "Фаровон", "Зерновая компания", "Зуҳал", ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста доранд, боздид намуд.

Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар анбори корхонаҳои истеҳсолӣ захираи лозимаи ғалла мавҷуд буда, воридсозии ғалла аз хориҷ мунтазам ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон асъори хориҷиро бемамоният аз бонкҳо дастрас намуда, ғалларо ворид ва коркард карда истодаанд.

Бинобар 15 дарсад боло рафтани нархи ғалла дар минтақа, ки маҳсулоти воридшаванда аст, болоравии арзиши орд ба мушоҳида мерасад. Дар бозорҳо ҳоло нархи орди 50 килогарммӣ 300-310 сомонӣ аст.

Захираи маҳсулот дар корхонаҳо мавҷуд буда, барои таъмини аҳолӣ бо орд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ҳар ҳафта ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд