Оғози гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Субҳи имрӯз дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт.

Дар мулоқот фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Баҳоваддин Баҳодурзода ва Зафарбек Давлатзода, раиси вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони навоҳии сарҳадии кишвари ҳамсоя ва сохторҳои низомии ду тараф иштирок доранд.

Ҳадафи ин дидори ҷонибҳо пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд