Боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз, шанбеи 4 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии нисбатан арзон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид карда, таъкид кард, ки ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.

Раиси вилоят ба масъулин барои назорати доимии нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда супоришҳои мушаххас дод. Қайд карда шуд, ки вилоят дорои имкониятҳои зиёд буда, кишоварзон ва саноатчиёни вилоят барои таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат мекунанд.

Дар ярмарка орд, шакар, равған, биринҷ, пиёзу картошка, гӯшт, меваҷоту сабзавот, нӯшокиву консерва, нону шириниҳо пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд