Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти нисбатан арзон доир шуда, арзиши маҳсулот дар муқоиса бо бозор камтар буд.

Масалан, нархи орди 50 килограмӣ 290 сомонӣ, равғани 5 литрӣ 100-105 сомонӣ, шакар 9,5 сомонӣ, тухм 72 дирам, картошка 2,70 сомонӣ, гӯшти мурғ 24 сомонӣ буда, мардум бо изҳори хушнудӣ маводи зарурии худро харидорӣ карданд.

Раиси вилоят ташкили чунин ярмаркаҳоро барои танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати дар оянда низ баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд