
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Аснои сафар роҳбари вилоят дар ҷамоат сохтмони муассисаи нави таълимӣ ва маркази хизматрасонии соҳибкорони маҳаллиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, барои суръатбахшии корҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораи сохтмони асосӣ супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳри Исфара теъдоди зиёди иншооти иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа симои шаҳраку деҳот дигаргун шуд. Сокинон ва соҳибкорону саховатмандони шаҳри Исфара низ дар пайравӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ободии маҳал, бунёди марказҳои хизматрасониву мактабу кӯдакистонҳо, гармхонаву сардхонаҳо, мумфаршкунии роҳҳо саҳми шоистаи худро мегузоранд, ки ин боиси таҳсин аст.
Дар идома роҳбари вилоят бо лоиҳаи як қатор иншооти ҷашнӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, шинос гардид. Аз ҷумла, зимни муаррифии лоиҳаҳо маълумот дода шуд, ки бо дастгириии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, инчунин соҳибкорони шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии ҷамоат, қасри ҷавонон, сардхонаву маркази саломатӣ, бинои хадамоти оташнишонӣ ба нақша гирифта шуда, иншооти зикршуда то ҷашни таърихӣ сохта хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба масъулин барои такмили лоиҳаҳо ва оғоз намудани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дода, илова намуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ба иҷро расонида шавад.
Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




