Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар Суғд

Бо наздик шудани Иди байналмилалии Наврӯз тантанаҳои идона оғоз ёфта, чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла бозиҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар даври аввал ва дуюми озмун дар маҷмӯъ беш аз 50 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Дар озмун аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов беш аз 5 ҳазор нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмуни мазкур иштирок намуданд ва аз тарафи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба беш аз 1000 нафар кӯдакони хурдсол тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур беш аз 20 сол инҷониб бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят аз рӯи бахшҳои “Лалакпаронӣ”, “Бодбарак”, “Чиллак”, “Ошуқ”, “Ҳаппак”, “Арғумчинбозӣ”, “Лакпар” ва “Ланкабозӣ” ташкил ва баргузор карда мешавад.

Тибқи иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашӯрматов аз бахши Лалакпарронӣ Ҳакимов Абдукарим хонандаи синфи 7-и МТМУ № 27-и шаҳри Хуҷанд, бахши бодбаракпарронӣ Мусоидов Азизҷон хонандаи синфи 8-и МТМУ № 36-и шаҳрии Истаравшан, бахши ҳаппакбозӣ Исмоилзода Маърифат хонандаи МТМУ № 3-и шаҳри Бӯстон, бахши лакпарбозӣ Ҷӯраева Сулҳия хонандаи синфи 6-и МТМУ №3-и шаҳри Бӯстон, бахши ланкабозӣ Маҳмадзуҳуров М хонандаи синфи 7-и МТМУ №27-и ноҳияи Спитамен, бахши ошуқбозӣ Ашӯров Ҳасанҷон хонандаи синфи 8-и МТМУ №50-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бахши чиллакбозӣ Ниёзқулова Р аз шаҳри Гулистон, бахши арғамчинбозӣ Тухтаева Азиза хонандаи синфи 7-и МТМУ №22-и шаҳри Конибодом сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар ҷамбаст ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд