Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир гардид

16 марти соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Ба баррасии иҷлосияи навбатӣ масъалаҳои зерин пешниҳод гардид:

-Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”.

-Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2022.

-Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ.

-Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳрак», №9 Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба иҷрои ваколати вакилӣ.

-Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида.

-Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд.

-Дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум.

-Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.

-Тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кори иҷлосияро оғоз бахшид ва сипас муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар оид ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия маърӯза кард. Иттилоъ дода шуд, ки  барои амалӣ гардондани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 июни соли 2020, №211 ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар вилояти Суғд» иборат аз 9 банду 43 зербанд таҳия ва тасдиқ шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳо низ қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, аз ҷониби сохторҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ахбор мунтазам пешниҳод карда мешавад.

Соли 2021 дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав, бо 3056 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати химия, маъдан, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис дода, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Давоми моҳҳои январ-декабри соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 20,9 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3,4 ва бо нархҳои амалкунанда 5,6 млрд сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 131,3 фоиз баробар гардид.

Дастовардҳо имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 фоиз баробар шавад.

Зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани барномаи мазкур дар вилоят корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, бобати таъмини нақшаи  соли 2022 ва бобати иҷрои босифати Барнома дар вилоят тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд ва ҷиҳати татбиқи иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат фаъолиятро тақвият бахшида, барои ҳарчӣ зудтар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои судманд андешанд. Таъкид гардид, ки тибқи нақша соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 145 корхонаи нави саноатӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Сипас, вобаста ба номгузории объектҳои физикиву ҷуғрофӣ гузориши муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ шунида шуда, пешниҳоди тағйири номи як қатор деҳаву муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Ашт баррасӣ гардид.

Вакилон ҳамзамон дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ карда, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.

Раиси вилоят кори иҷлосияро ҷамъбаст намуда, барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ҷиҳати сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди минтақаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, то 130 фоиз таъмин намудани афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли 2022, таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд