Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ шинос гардид.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонии ноҳия аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешавад.

Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Соҳибкорони бонангу номуси деҳаи Хуҷаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал​ саҳмгузор бошанд.

Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 4​ иншоот дар ҳар кадоме аз 15 то​ 20​ нафарӣ сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд. ​

Дар маҷмуъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомони то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 48​ иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.​

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони ҷамоат таъкид кард, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят корҳои ободонӣ вусъат ёфта, саҳми сокинону соҳибкорон низ дар ободонии маҳал хеле назаррас аст. Таъкид карда шуд, ки бунёдкориҳо минбаъд низ бояд идома дода шавад, то​ шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад.​

Сипас, роҳбари вилоят ду нафар собиқадори меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддии худро тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд