Шиносоӣ бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Нахуст роҳбари вилоят ба минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд омада, сохтмони коргоҳи равғанбарории ҶДММ «Сирдарё» -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бино ба иттилои масъулин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 тонна равғани офтобпарасту чигит ва 50 тонна кунҷора истеҳсол намояд.

Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷҳизот ва технологияи муосир оварда, васлу насб карда мешавад.

Дар коргоҳи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷм равған, ки аз як то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида мешавад.

Сипас, Раиси вилоят аз ҶДММ "Шишакор" ва маркази диллерии "Тойота" боздид карда, барои дар вақти муайяншуда ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Дар ҶДММ "Шишакор", ки дар он истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда-шишаҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда мешавад, айни замон 40 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони корхона ба охир расад.

Дар маркази диллерии "Тойота" бошад фурӯши ин навъи автомашина ва қисмҳои эҳтиётии он ба муштариён пешниҳод карда хоҳад шуд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ташриф овард. Дар ин муассисаи калонтарини вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои таъмири дохили шуъбаҳои гуногун ба анҷом расонида шуда, намои берунии биноҳои беморхона, саҳн ва роҳравҳои он тармим гардида истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода барои иҷрои босифати корҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба роҳбарияти беморхонаи вилоятӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд