Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии асосии кўчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад. Фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Аҳли маҳаллаи Мевағули шаҳр аз ин иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат истиқбол намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва мумфаршсозии дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд