Имрӯз, 16 сентябр беш аз 500 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани ёрии амалӣ ба ҳашари пахтачинӣ рафтанд.
Ҳашарчиён давоми рӯз дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта чида, дар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии худро расониданд.
Раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои офтобиро пурсамар истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи пахтакоронро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки имрӯз кормандони соҳаҳои гуногун ба кӯмаки кишоварзон омадаанд то дар рӯзи истироҳатӣ саҳми худро дар ғунучини пахта гузоранд.
Бояд гуфт, ки дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев соли равон 1580 гектар пахта кишт шуда, заркорон ният доранд, ки наздик 5000 тонна пахта истеҳсол намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд