Дар ноҳияи Мастчоҳ кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шуруъ намудаанд Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни ҳосилғундорӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 2800 гектар чормағзи заминӣ кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 гектар зиёд мебошад.
Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Боқӣ Ҳаким» бо аъзои хоҷагӣ ва масъулони соҳаи кишоварзию обрасонӣ суҳбат намуда, рушди соҳаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулот муҳим арзёбӣ намуд. Тавре мушоҳида гардид, дар ин хоҷагӣ бо усули хос ҷамъоварии чормағзи заминӣ идома дорад.
Кишоварзону аҳолии ноҳияи Мастчоҳ аз истеҳсолкунандагони асосии чормағзи заминӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло 90 фоизи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ рост меояд. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли чормағзи заминӣ дар ноҳия 14-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ин дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва банду басти чормағзи заминӣ — ҶДММ «Ҷаъфар» ба истифода дода шудааст. ҶДММ «Ҷаъфар» иқтидор дорад дар як шабонарӯз беш аз 40 тонна ва дар як сол зиёда аз 10 ҳазор тонна чормағзи заминиро коркард намояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд