7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Зимни дидорбинӣ бо собиқадори соҳаи кишоварзӣ Биҳалима Ҳоҷибоева ва собиқадори соҳаи маориф Матлуба Исмоилова роҳбари вилоят фарорасии 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ ва хотирҷамъӣ орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки сокинони шарафманду заҳматқарини вилоят дар қатори кулли мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва сулҳу суботи комил пайваста саъю талош меварзанд. Заҳмату талош ва фаъолияти собиқадорони меҳнат бошад доимо аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.
Аёдатшудагон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои доимии давлат ба Сарвари давлат миннатдории худро изҳор доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




