7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон омада, аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Раиси вилоят ба манзили ҷанговари байналмилал Ҷамшед Ҳафизов ва иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Давлат Занбӯров ташриф оварда, 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфт.
Қайд карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони мамлакат буда, дар ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бебаҳо саҳми фарзандони диловари Ватан назаррас аст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша меҳнату заҳмати фидокоронаи фарзандони шуҷои меҳанро қадр мекунад.
Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




