Семинар-машварати ҷумҳуриявии раисони шӯрои собиқадорони вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

29 августи соли 2023 дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят​ семинар-машварати ҷумҳуриявии раисони шӯрои собиқадорони вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар – машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Алишер Шарифов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов, собиқадорони меҳнат, ходимони ҳизбию ҷамъиятӣ иштирок доштанд.​

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат қайд намуд, ки давоми беш аз 35 соли фаъолияташ ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд роҳи пуршарафро тай намуда, дар бунёди ҷомеаи навин, тарбияи ахлоқию маънавии сокинон, бахусус ҷавонони вилоят, фаъолона ширкат варзида, дар баланд бардоштани мавқеи ташкилот дар ҷомеа, беҳдошти сатҳу сифати кор, мустаҳкам кардани сафи собиқадорони ҷангу меҳнат, дастовардҳоро ноил гардида,​ таҷрибаи кофии фаъолиятро соҳиб шудааст.

Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ нисбати насли калонсол-собиқадорону нафақагирон ҳамеша ғамхорӣ менамоянд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳдошти вазъи зисту зиндагӣ ба собиқадорон хизматҳои кафолатноки иҷтимоӣ ва тиббӣ расонида мешаванд. Аз ҷумла, ба собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои ҷанг ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти​ давлатии вилояти Суғд аз соли 2021 кӯмакпулии ҳармоҳа ҷудо карда мешавад. Соли 2023 чунин кӯмакпулӣ ба 1061 нафар, ба маблағи умумии 1 миллиону 273 ҳазору 200 сомонӣ муқаррар ва пардохт шуд.​ ​

Дар арафаи 78-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳар як иштирокчии ҷанг 7000 сомонӣ, ба ҳар собиқадори ақибгоҳи солҳои ҷанг-4000 сомонӣ, ҳамагӣ ба 101 нафар, 377 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии​ яквақта​ ҷудо ва пардохта шуд.

Баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат низ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Фақат дар соли 2022 дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорон 193 ҳазору 900 сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Соли 2023 барои 92 роҳхати осоишгоҳ 162 ҳазору 100 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки пирони хирад саломатиашонро барқарор карда истодаанд.

-Семинар - машарати​ имрӯза​ дар​ арафаи​ ҷашни​ фирӯзи​ миллат 32- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо, иштирокдорони семинар, бахусус меҳмонони иззатманд ва кули собиқадоронро бо ҷашни солгарди Истиқлол шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, хотирҷамъӣ, даврони пирӣ ва дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятиатон барору комёбиҳо таманно дорам,-илова намуд дар охир роҳбари вилоят.

Сипас, муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Алишер Шарифов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов ва дигарон сухан гуфта, аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд ва ташкили семинарро барои мубодилаи таҷриба ва беҳтар намудани фаъолияти шӯрои собиқадорони минтақаҳо муфид арзёбӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд