Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, воқеъ дар шаҳри Бӯстон аз таъмир бароварда хоҳад шуд.
Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаи иҷтимоӣ иттилоъ дода шуд, дар кори хайр роҳбарияти ширкати "Барс" ва Ҷамшед Самиев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки алҳол муқими ИМА аст, саҳми худро мегузоранд.
Дар мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор 92 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, тарбиятгирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо либосу маводи ғизоӣ таъмин мебошанд.
Тавре мушоҳида гардид, корҳои азнавсозӣ идома дошта, аллакай 7 синфхона ва ҳаммоми муассиса таъмир гардида, корҳо босуръат идома дорад.
Раиси вилоят ба соҳибкорон Бахтиёр Мирзобаҳодуров ва Ҷамшед Самиев, ки дар кори хайр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд, изҳори сипос намуда, барои бо сифати баланд таъмир намудани муассисаи иҷтимоӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




