Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун шинос гардид.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бунёди бинои меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав идома дошта, корҳои пардозгариву ороишӣ дар иншооти сохташаванда идома дорад. Дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои тайёр кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот омода карда шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад. Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард.
Дар ҳудуди фурудгоҳ инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани фурудгоҳ ба стандартҳои байналмилалӣ барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда омода намудани иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти фурудгоҳ супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




