Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба наздик 50 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ — ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо 345 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ супориданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар ҳузури омӯзгорону хонандагон бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф изҳор дошт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд.
Маҳз, дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф ва муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби мақому ҷоизаҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2022-2023 769 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, 63 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 489 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо шуданд. Барои сазовор гардидан ба ин дастовардҳо 31 нафар омўзгорони пешқадаму навовари муассисаҳои таълимии вилоят саҳми арзанда гузоштанд.
-Озмунҳо бори дигар собит намуданд, ки истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем,-илова намуд роҳбари вилоят.
Мукофотҳо тибқи қарори Раиси вилоят “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омўзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят“ супорида шуда, маблағи умумии имсолаи он 345 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Яъне, заҳмати омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ва дастпарварони онҳо, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гардидаанд, аз ҷониби давлату Ҳукумат шоиста арҷгузорӣ мешавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ва шогирдони соҳибистеъдоди онҳо минбаъд низ дар озмунҳо ширкат варзида, донишу маҳорати хешро санҷида, дар пешрафти илм, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




