Ворисони Синои бузург иди касбиашонро таҷлил намуданд

17 августи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иди​ касбии ​ кормандони соҳаи тибро​ ба кулли кормандони соҳа ва​ собиқадорон табрик гуфта, изҳор дошт, ки​ дар таъриху фарҳанги бой ва рангини халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, дар давраҳои мухталиф хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тўли қарнҳо аҷдодони донишманди мо, ба мисли Закариёи Розӣ, Абўалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро бо осору пайкори беназирашон ғанӣ гардонидаанд.​

Тазаккур дода шуд, ки​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳа ҳамеша ғамхорӣ мекунанд ва давлату Ҳукумат баҳри беҳдошти ин соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Чунончӣ, аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то ғамхорӣ нисбати кормандони соҳаи тиб бештар гардида, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ дар сатҳи зарурӣ бошад. ​

Зикр кардан ба маврид аст, ки алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 5080 нафар табиб, 17972 нафар корманди миёнаи тиб ва ​ садҳо нафар кормандони ёрирасон ба мардуми вилоят содиқона хизмат мерасонанд. Аз онҳо 7 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар дорандаи медали «Шафқат», 506 нафар дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 6 нафар доктори илмҳои тиб, 74 нафар номзади илмҳои тиб буда, 2626 нафар табибони дараҷадор мебошанд. ​

Маблағгузорӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар вилоят дар соли 2023-юм нисбати соли гузашта ба андозаи 73,6 миллион сомонӣ афзуд. Яъне, имсол аз буҷети вилоят 671,5 миллион сомонӣ маблағ ба ин соҳа ҷудо гардида ва баҳри беҳдошти хизматрасонии тиббӣ пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

-Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд, ки “Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад”.

Тибқи нақша дар соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 143 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони 35 ва таъмири 108 шуъбаву муассисаҳои табобатӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар назар​ дошта шудааст, —​ илова кард роҳбари вилоят.​

Изҳори боварӣ карда шуд, ки​ ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Сино​ бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои солимии миллат, ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи нигаҳдории тандурустӣ саҳми арзанда ва шоиста мегузоранд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони пешқадам Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба 9 нафар ғолибони озмуни "Сартабиби беҳтарин" диплому мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд