ҚАЛЪАИ ХУҶАНД – МУАРРИФГАРИ ШАҲРИ КУҲАНБУНЁД

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд - Қалъаи Хуҷанд ба пуррагӣ аз нав барқарор гардида, дар он сохтмони маҳаллаи Хуҷанди қадима бо истифода аз ҳунарҳои қадимии миллӣ роҳандозӣ гардидааст. Барои шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмону барқароркунӣ ва ҳунармандӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин мавзеъ дидан намуд.

Раиси вилояти Суғд аз толору биноҳои бунёдшаванда, ҳавлиҳои қадимаву чойхонаи барҳаво дидан намуда, барои зудтар ва босифат ба итмом расонидани корҳо дастуру супориш дод.

Бино ба иттилои сармутахассиси Идораи сохтмони асосии вилоят Даврон Ниёзов, таъмири иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Лоиҳаи иншоот аз тарафи Институти лоиҳакашии филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашии ҷустуҷӯии (ФАНИИОСП) СИЛИОСП тарҳрезӣ шудааст.

- Дар маҷмӯъ барои сохтмон ва азнавсозии иншоот 18 ширкати сохтмонӣ ҷалб шуда, ҳамарӯза беш аз 350 нафар сохтмончӣ ва 100 нафар ҳунарманд, аз ҷумла 35 нафар ҳунарманд аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон заҳмат кашида истодаанд. Барои сохтмон масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ истифода шуда истодааст. Масоҳати умумии қалъа 6 гектар буда, лоиҳа аз бинои маъмурӣ, осорхона, маҳаллаи қадимаи шаҳр, чойхона, ҳаммомхона, меҳмонхона, девори қадимаи ҳокимнишин, растаҳои савдо иборат аст. Дар маҳаллаи бунёдшаванда 8 ҳавлӣ, аз ҷумла ҳавлии ҳунармандон - кулолгарон, сангтарошон, заргарон, тоҷирон, табибон, хаттотон, оҳангарон мавҷуд аст, ки ҳар як ҳавлӣ муаррифкунандаи таърихи асрҳои ХV-ХVI мебошад. Дар бинои осорхона бошад, панҷ толор бунёд ва ҳар як толор тақсимбандӣ шудааст, аз ҷумла толори илмӣ - адабӣ, бостоншиносӣ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъати тасвирӣ, таърихи шаҳри Хуҷанд мебошад. Баробари ин, дар саҳни қалъа ду фаввораи калон бунёд меёбад. Даромадгоҳи асосии қалъа аз дохили боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва се даромадгоҳи иловагӣ аз тарафи девори ҷанубӣ гузошта мешавад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешавад, - гуфт номбурда.

Боиси таъкид аст, ки ҳадафи асосии азнавсозии мазкур эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, гаҷкорӣ, кундалкорӣ, наққошӣ, кошинкорӣ, бурридакорӣ ва амсоли ин мебошад. Бино ба иттилои масъулин, алҳол 70 фоизи корҳои сохтмониву меъморӣ ва наққошиву кандакорӣ ба анҷом расида истодааст.

- Дар нуқтае, ки кӯшки ҳокимнишин мавҷуд аст, қариб дигаргунӣ ба назар намерасад, зеро барои нигоҳ доштани аҳамияти таърихии он ва аз фарсудашавӣ нигоҳ доштан корҳои барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Он таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, зеро бостоншиносон дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҳафриётӣ таҳкурсии ҳавлии қадимаро муайян карданд. Бояд гуфт, ки дар маҳаллаи мазкур 9 мағозаи ҳунармандон ҷой дода шудааст, зеро дар ҳавлиҳои бунёдшаванда ҳунармандон истеҳсоли маҳсулоти дастони худро маҳз дар ин мағозаҳо ҷойгир мекунанд, - гуфт Даврон Ниёзов.

Ҳунари кошинкориву бурришкорӣ дар ягон мавзеи шаҳри Хуҷанд ба назар намерасид ва имрӯз корҳои кошинкорию бурришкорӣ дар ин мавзеъ ба таври васеъ истифода шуда истодааст.

Барои боз ҳам зебову диққатҷалбкунанда гардидани намуди зоҳирии толорҳо мутахассисон - ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, алахусус аз вилоятҳои Самарқанду Фарғона даъват шудаанд.

Тоҳиров Нӯъмон ҳунарманд аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Беш аз як сол ӯ дар қалъа бо ҳунари кошинкориву бурридакорӣ машғул аст.

– Ин ҳунар заҳмати зиёдро талаб мекунад ва он ҳанӯз аз асрҳои ХIII-ХIV ба мо мерос мондааст. Барои ба анҷом расонидани як метри мураббаъ бурридакорӣ чор нафар ҳунарманд беш аз 4 рӯз заҳмат мекашанд. Бурридакорӣ ҳунари нозук аст, зеро он чанд марҳаларо дарбар мегирад, аз ҷумла часпонидани сангмайда, тарошидан, нақш кашидан, омода кардани хамираи махсус, дар маҷмуъ меҳнати заҳматталаб аст. Аз давраи ҷавонӣ бо ин намуди ҳунар машғул ҳастам, зеро ин ҳунари авлодӣ аст, - гуфт ҳунарманд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки алҳол панҷ нафар ҳунарманд дар ин самт кор карда истодаанд ва боз як гурӯҳи ҳунармандон барои кӯмак ва зуд анҷом додани корҳо даъват шудаанд.

Дар бинои мазкур ҳамчунин ҳунармандоне, ки бо ҳунари воло ва пурмашаққати кундал машғул ҳастанд, заҳмат кашида истодаанд.

Роҳбари корҳои ороишӣ Иномҷон Ахмедов доир ба корҳои иҷрошуда изҳор дошт, ки толорҳо аз рӯи мазмуну муҳтаво ороиш ва нақшбандӣ шуда истодаанд.

- Ду сол инҷониб баҳри зебо ва назаррабо гардидани толорҳо ҳунармандони касбӣ заҳмат кашида истодаанд. Дар толори асосӣ аз рӯи ҳунарҳои кундалкориву наққошӣ кор карда истодаем. Боиси қайд аст, ки ин навбат дар шакли нав дар вассаҷуфт кундалро истифода бурда истодаем, ки ин тарз аввалин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Кундалкориро тиллокорӣ ҳам меноманд. Ҳоло 11 нафар ҳунарманд кор карда истодаанд, ки ҳамаи онҳо соҳибҳунар ҳастанд.

Баробари ин метавон гуфт, ки сохтмону азнавсозӣ барои ободу зебо гардидани шаҳр ва ҳам ба мавзеи таърихӣ ва фарҳангиву фароғатӣ табдил ёфтани он боис мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд