Имрўз дар гузари Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд аҳли маҳалла дар фазои амну осоиштагӣ бо шукргузорӣ аз файзу фаровонии дастархони идона Наврӯзи байналмилалро ҷашн гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодишарики аҳли маҳалла дар ин иди аҷдодӣ гардида, нахуст аз растаи ҳунармандон ва аҳли адабу фарҳанг, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид кард.
Раҷаббой Аҳмадзода аҳли гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд. Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.
Таъкид шуд, ки Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию бунёдкориро вусъат бахшида, дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорем.
Сипас, барномаи фарҳангии фарогири урфу анъанаҳои наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд