
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо ҷараёни сохтмони ҶДММ «Комбинати равғанбарорӣ», корхонаи банду басти меваи ҶДММ «Доро инвест», корхонаи истеҳсоли шиша, инчунин фаъолияти ҶДММ «Файзи ҷаҳон» шинос гардид.
Зимни боздид роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва воридсозии таҷҳизоти пешрафта тавсияҳо дода, фаъолсозии корхонаҳои навро барои таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти ватанӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли равон ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид.
Ҳамзамон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




