25 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Раиси вилоят кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид ва сипас вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Дар бораи рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дод. Тавре қайд карда шуд, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.
Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин, соли 2021 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дубора тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», қарори Раиси вилоят аз 17 октябри соли 2021, №485 «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилояти Суғд» қабул карда шуд.
Тибқи банди 2 қарори номбурда Нақшаи дохилиидоравии вилоятӣ оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иборат аз 28 банд ва 84 зербанд тасдиқ карда шуда, барои иҷро ба сохторҳо, ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки мақсад аз қабул намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ба шумор меравад.
Сипас, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Пӯлотон», №18 Шокиров А.А. оид ба иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои қабули дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тасдиқи низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва интихоби ҳайати онҳо, номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайраҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дода, барои дар вақти муайяншуда ба охир расонидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ, захираи маводи сӯхт ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи хӯроки чорво, бунёди иншооти ҷашнӣ, мумфаршкунии роҳҳо, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди вилоят ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




