Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия Алексей Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии ду мамлакат, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки соли 2022 ва нимсолаи якуми соли 223 байни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни ФР беш аз 100 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ имзо гардида, ҷонибҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо ҳамкории хубро ба роҳ мондаанд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои ФР 275 миллион долларро ташкил карда, ба вилояти Суғд чӯбу тахта, равған, нафту маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Аз вилояти Суғд бошад меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, нӯшокиҳо, полезиҳо, чормағз, чарм, пахта содирот гардидааст.
Иштироки васеи намояндагони ФР дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» ва иштироки намояндагони вилояти Суғд дар Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023» ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаи соҳибкорони тоҷику рус мусоидат намуда, барои тақвияти равобити иқтисодӣ корҳо идома дорад.
Сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия генерал-лейтенант Алексей Фролов дар навбати худ қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия имкон медиҳад, ки соҳибкорону сармоягузорони ду давлати бо ҳам дӯст ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои худро боз ҳам густариш бахшанд.
Ӯ ҳамзамон илова намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва шартномаҳои дуҷониба дар гузаргоҳҳои гумрукӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фаъолияти сардхонаҳо дар гузаргоҳҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон барои интиқоли маҳсулоти худ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуда, маҳсулоти худро ба якдигар дастрас намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




