22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят табрик гуфта, иброз дошт, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ҳар сол бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи асппарварӣ ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии «Пойга» ва «Бузкашӣ» ба ҳукми анъана даромада, имсол 24-умин мусобиқа доир гардида истодааст.
Таъкид карда шуд, ки дар вилоят ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ қарори Раиси вилоят Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорвопарварӣ қабул гардида, ҳамасола афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ амалӣ гардонида мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 8811 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 2071 сар дар бахши кишоварзӣ ва 6740 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад. Ҷиҳати рушди варзиши аспӣ дар вилоят мактаби варзиши аспии чавгон фаъолият дошта, дар он 100 нафар варзишгарон бо 60 сар аспҳои зотӣ сарҷамъ гардидаанд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят ассотсиатсияҳои асппаварӣ ташкил гардида, дӯстдорони табиат парвариши аспҳои зотии тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекиникиро ба роҳ монда, баробари мусобиқаҳои вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштироки фаъолона доранд.
Сипас, мусобиқаи пойга ва бузкашӣ оғоз ёфта, ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла ду автомоболи, телевизиору қолин ва мукофотпулӣ сарфароз гардонда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд