Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуд.

Тавре мушоҳида гардид, дар бригадаи рақами 9 -и Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия айни замон кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда, деҳқонон барои гирифтани ду-се ҳосил аз имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Дар заминҳои холишуда кишти тарбуз, лубиёгиҳо, ҷуворимакка, сабзӣ, бодиринг, карам, шалғам ба роҳ монда шуда, сабзиш ва нашъунамои зироат хуб арзёбӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия то ин дам дар 3417 гектар кишти такрорӣ гузаронида, нақшаи пешбинишударо 110 фоиз иҷро намуданд.

Раиси вилоят ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, истифодаи чунин таҷрибаи пешқадамро дар дигар минтақаҳои вилоят муҳим арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки бо ташкили семинарҳо бо ҷалби кишоварзони шаҳру ноҳияҳо бояд роҳу усулҳои нави кор омӯзонида шавад.

Сипас, роҳбари вилоят аз пахтазори ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев боздид кард. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия соли равон 6500 гектар пахта кишт шудааст. Пахтакорони ҷамъият ният доранд, ки 4750 тонна пахтаро ба хирман супоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд