Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти гуногун идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо рафти бунёдкориҳо шинос гардида, барои бо сифати хуб ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Аз ҷумла, зимни муаррифии лоиҳаи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғафуров сохта мешавад, дастур дода шуд, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд назорати масъулин қарор дода шуда, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон макони хуб омода гардад.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, баландии сутунпояи он 54 метр хоҳад шуд. Дар майдон гулгашту фаввораҳо, нишастгоҳу суҳбаткадаҳо сохта шуда, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия шароити хуби истироҳатӣ фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо корҳои таҷдиду бозсозии осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, бунёди бинои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корхонаи истеҳсоли асбобҳои рӯзгор шинос шуд ва барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд