Дар ҷаласаи фаъолони вилоят натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баррасӣ шуд

14 июли соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 6 моҳи соли 2023 ҷаласаи фаъолони вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир шуд, муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардухтурон, мудирони шуъбаҳои маориф, кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ходимони дин, раисони ҷамоатҳо, комисарони ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси вилоят ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Сипас, вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 6 моҳи соли 2023 муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод. Қайд карда шуд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 12 млрд. 106,2 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 150,4 ҳазор тонна орд, 2395,8 тонна равғани растанӣ, 16382,8 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 6720,0 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 6454,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд ва ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4 млрд 201,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин гардид. Тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 280315,1 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.

Дар вилоят истеҳсоли сабзавот 88399,4 тонна, аз ҷумла пиёз 34793,6 тонна, картошка 43341,8 тонна, полезӣ 17396,9 тонна, мевагиҳо 90901,9 тонна, аз ҷумла зардолу 87607,9 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 76820,3 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 29058,3 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 9708,4 тонна, моҳӣ 430,7 тонна, шир 141487,0 тонна, тухм 366,8 млн. дона, асал 192,3 тонна ва пашм 1358,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 102,7 фоиз, аз ҷумла пиёз 111,3 фоиз, картошка 100,3 фоиз, полезӣ 111,1 фоиз, мевагиҳо 2,3 баробар, аз ҷумла зардолу 2,5 баробар, гӯшти чорвою паранда 107,7 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 119,9 фоиз, моҳӣ 138,9 фоиз, шир 101,5 фоиз, асал 102,5 фоиз ва пашм 101,5 фоиз таъмин шудааст. 

Ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 8 млрд 381 млн. сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2 млрд. 120,4 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 111,0 ва 104,3 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 1 млрд. 350,8 млн. доллари ИМА расонида шуда, ҳаҷми воридот 926,2 млн. доллар ва содирот 424,6 млн. долларро ташкил намудаст. Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 149854 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 235,8 млн. доллар, 252348 тонна семент ба маблағи 8,1 млн. доллар ва 22407 тонна нахи пахта ба маблағи 40,2 млн. доллар содирот шудааст.

Дар натиҷаи рушди бонизоми соҳаҳо нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2099,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 146,8 млн. сомонӣ зиёд аст.  

Дар ин давра нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 497,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 510,1 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад. 

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 1393,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 64,4 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 104,8 фоизи нақша мебошад.

Вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, занону кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ низ маълумот ироа гардида, тазаккур дода шуд, ки ба соҳаҳои иҷтимоӣ чун ҳарвақта таваҳҳуҳи зарурӣ зоҳир карда шуда, маблағҳои зарурӣ равона карда шуд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини рушди соҳаи саноат ва истифодаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, зиёд намудани коркарди меваю сабзавот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва захираи маводи сӯхт барои соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва маориф, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои ҷавон, рушди сайёҳӣ, дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятсодиркунӣ, тарбияи ҷавонону наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили шоистаи ҷашни фархунда дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифагузорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд