Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута барои сари вақт гузаронидани кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла замини наздиҳавлигӣ, пурра обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд